Мақоми узбек: Узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай бисёр муҳим аст
Муовини аввали раиси маҷлиси Сенати Узбекистон бо ишора ба мавқеъияти ҷуғрофиёии Эрон дар минтақа гуфт, узвияти Теҳрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай бисёр муҳим аст.
Содиқ Сафоев, муовини аввали раиси маҷлиси Сенати Узбекистон гуфт, узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай бисёр муҳим аст.
Вай изҳор дошт, СҲШ як созмони тавсеаи минтақаӣ аст. Узвияти бузургтарин кишварҳои минтақа дар ин созмон дар заминаи иҷрои барномаи дарназар гирифта, нақши мусбате ифо мекунад.
Вай идома дод, Эрон як кишвари муҳим ва бузурге аст. Ин кишвар дар чаҳорроҳе қарор дорад, ки Осиёи Марказиро ба Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Қафқоз ва Аврупо муттасил мекунад. Ин нишон медиҳад, ки мавқеъияти ҷуғрофиёии он чиқадар муҳим аст.
Сфоев таъкид кард, аз ҳама муҳимтар дастрасӣ ба бандарҳои дарёӣ аз тариқи Эрон барои мо бисёр муҳим аст. Банодири Чобаҳор метавонанд дар иттисоли Осиёи Марказӣ бо бозори ҷаҳонӣ нақши муҳимме дошта бошанд. Албатта, ҳамкорӣ бо Эрон барои Созмони Ҳамкории Шанхай бисёр муҳим аст.
Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки ҳадафи Созмони Ҳамкории Шанхай сохтани пулҳои ҷадид аст на деворҳои ҷадид.
Созмони Ҳамкории Шанхай, як созмони байналмилалии байни давлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шудааст.
Дар нишасти созмон, ки рӯзҳои 8 ва 9 июни соли 2017 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, Ҳиндустон ва Покистон узви доими Созмони Ҳамкории Шанхай шуданд. Ҳамакнӯн Эрон низ дар ҳоли тай кардани мароҳил ва фарояндҳои узвияти доим дар СҲШ аст.
Акнун Афғонистон, Муғулистону Беларус аъзои нозири созмон ва Туркия, Шириланко, Арманистон, Озарбойҷон, Непол ва Камбоҷа шарики гуфгугӯ бо ин созмон ҳастанд.