Декабр 05, 2016 19:38 Asia/Dushanbe
  • Шавкат Мирзиёев дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон пирӯз шуд

Шавкат Мирзиёев бо касби 88,61%-и овозҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 4 декабр дар Узбакистон, пирӯзи ин давр аз интихобот шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси кумисюни марказии интихоботи Узбакистон, соати қабл бо эъломи ин ки 87 дарсад аз раъйдиҳандагон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон ширкат карданд, аз пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар интхоботи ин кишвар хабар дод.

Кумисюни марказии интихоботи Узбакистон эълом карда буд, 21 миллион нафар дорои шароити раъй додан дар ин давр аз интихобот ширкат карданд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии чаҳоруми декабр дар Узбакистон, аввалин интихоботи ин кишвар баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раисиҷумҳури собиқи ин кишвар аст.

Сарвар Отамуродов – намояндаи Ҳизби эҳёи миллӣ, Ҳотамҷон Кетмонов - намояндаи Ҳизби халқии демократӣ ва Наримон Умаров – намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Узбакистон аз номзадони дигари мақоми раисҷумҳурии Узбакистон буданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури  Тоҷикстон интихоби Мирзиёевро ба раёсатҷумҳурии Узбакистон, табрик гуфт.