Идомаи иқдомоти таҳрикомези Қирғизистон дар минтақаи марзӣ
Бо вуҷуди ин ки мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизстон тафоҳумномаи танзими вазъияти маризро имзо карданд тарафи Тоҷикистон чанд иқдоми таҳрикомези тарафи қирғизро сабт кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар матолиб дар баёнияи иттилоъоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мунташир шуд.
Тарафи қирғизстонӣ ба дуруғ вонамуд мекунад, ки нерӯҳо ва таҷҳизоти низомии сандгини худро аз хати даргириҳо хориҷ ва онҳоро дар шаҳракҳои марзии минтақаи Лайлак ва Ҷонолойи вилояти Бодканди Қирғизистон пинҳон мекунад.
18 сентябр дар наздикии дидбонгоҳи марзии Сарҳадчӣ дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон таҷҳизоти вазнини низомии пинҳоннамудаи иборат аз чаҳор воҳиди БТР, БМП-и ЗУ22ии-и неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон ба мушоҳида мерасанд.
19 сентябр дар наздикии нуқтаи аҳолинишини Лоҳутии шаҳри Конибодоми Тоҷикистон макони ҷойгиршавии техникаи низомии пинҳоннамудаи нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар ҳаҷми 12 адад ошкор гардид.
Дар фосилаи начандон дуртар аз дидбонгоҳи сарҳадии рақами 3 Нурободи ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон ҳузури неруҳои вижаи Қирғизистон бо теъдоди 70 нафари мусаллаҳ муайян карда шуд.
Ҷониби Тоҷикистон сабти мавридҳои зиёди нақзи ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин аз қаламрави Қирғизистон идома медиҳад.
Дар рӯзҳои 19 то 20 сентябр парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини қирғиз дар фазои шаҳри Исфара, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон, посгоҳҳои сарҳадии Сарҳадчӣ ва Ширинчашмаи ноҳияи Лахш, Росровут ва Муряки ноҳияи Деваштич, инчунин дар болои қисмҳои низомии Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида расид.
Тоҷикистон бори дигар аз Қирғизистон мехоҳад, ки санадҳои имзошуда дар мавриди тасбити вазъияти дар минтақаи марзиро иҷро кунад дар ғайри ин сурат ҷониби Тоҷикистон ваздъиятро ба унвони омодаги барои таҷовузоти баъдии Қирғизистон арзёби хоҳад кард ва масъулияти оқибатҳои ин гуна амалҳои иғвогарона бар дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд.