Сентябр 21, 2022 20:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳавопаймоҳои амрикоӣ Афғонистон ба шарте ба Узбакистон ва Тоҷикистон дода мешавад
    Ҳавопаймоҳои амрикоӣ Афғонистон ба шарте ба Узбакистон ва Тоҷикистон дода мешавад

Вашенгтон дар ивази таҳвили ҳавопаймоҳои Афғонисон аз Тоҷикистон ва Узбакистон мехоҳад, ки дар мубориза бо терроризм бо ин кишвар ҳамкори кунад.

Нашрияи  "Politico" дар тозатарин гузориши худ эълом кард, ки Амрико қасд дорад 46 фарванд ҳавопаймои артиши пешини Афғонистон, ки ҳангоми суқути Кобул ба Тоҷкистон ва Узбакистон интиқол дода шуд будандро ба ин ду кишвар бидиҳад.

Ба гузориши хабаргузории ҷумҳурии Афғонистон ин нашрия таъкид кард: Вашенгтон дар ивази таҳвили ин ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ва Узбакистон мехоҳад, ки дар мубориза бо терроризм бо ин кишвар ҳамкори кунанд.

Ба асоси ин гузориш мақомоти амрикоӣ дар ҳоли музокира бо мақомоти узбак ва тоҷик ҳастанд то дар сурати тавофуқ ин ду кившари Осиёи Марказӣ, Амрикоро дар ба дом анддохтан ва куштани террористҳо дар Афғонистон кумак кунанд.

Гуфтани аст ин музокирот ба далели ҳасосияти Русия дар мавриди нуфузи Амрико дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ошкор нашуда аст.

Тавофуқи эҳтимолии Амрико бо ин ду кишвар шомили афзиши табодули иттилоъот ва ба даст овардани пойгоҳи низомӣ ё ҳавоӣ барои зери назар гирифтани гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон мешавад.

Бо ин ки то кунун равшан нест, ки Тошканд ва Душанбе то чи ҳадди ба ин тавофуқ алоқа доранд, аммо як нуктаи возеҳ ин аст ки Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарони таҳдид ва нуфузи гуррҳои террористии фаъол дар Афғонистон ва бархе кишварҳои минтақа ҳастанд.

Ҳукумати Толибон аз Тоҷикистон ва Узбакистон хост, ки ин ҳавопаймоҳоро ба Кобул таҳвил диҳанд аммо ин ду кишвар ин дархостро рад карданд.

Қобили зикр аст, ки аксари ин ҳавопаймоҳо аз сӯи Амрико ба артиши собиқи Афғонистон эҳдо шуда буд ва акнун он кишвар ба ин таҷҳизот иддаои моликият дорад.