Сентябр 23, 2022 19:11 Asia/Dushanbe
  • Юан дар муомилоти Қазоқистон ва Чин
    Юан дар муомилоти Қазоқистон ва Чин

Бонки миллии Қазоқистон ва Бонки халқи Чин бо бастани тафоҳумномае,  тасмими истифода аз юан барои доду ситадҳои молиро амалӣ карданд.

Маркази матбуотии Бонки миллии Қазоқистон бо интишори ин хабар таъкид кард, бастани ин тафоҳумнома гоми ҷадиде дар тақвияти ҳамкории ду кишвар дар заминаи молӣ буда ва ба истифодаи бештар аз арзҳои миллӣ дар тасвияҳисобҳои фаромарзӣ ва ҳамчунин тавсеаи тиҷорату фаъолияти сармоягузории мутақобил кумак хоҳад кард.

Дар ростои густариши сиёсати ҳазфи доллар аз муомилот, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар ҳошияи иҷлоси сарони Созмони Шанхай дар Узбакистон, дар мавриди пардохти як чаҳоруми гази харидоришуда аз русҳо бо рубл тавофуқ карданд.

Амрикоиҳо дар солҳои ахир бо ҳадафи эҷоди буҳрони иқтисодӣ дар ақсо нуқоти ҷаҳон, борҳо аз анҷоми муомилоти байналмилалӣ бо доллар ба унвони аҳроми фишор алайҳи дигар кишварҳо истифода кардаанд. Ин иқдоми амрикоиҳо бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро ба канор гузоштани доллар аз муомилоти байналмилалӣ водор кардааст.

Чанде пеш Покистон эълом кард, ба далели маҳдудияти ҷоришуда аз сӯи Амрико алайҳи Афғонистон, бо истифода аз пули миллӣ аз Афғонистон ангишт харидорӣ хоҳад кард.