Бандари Чобаҳори Эрон меҳвари ройзании мақомоти Узбекистон ва комиссияи «ESCAP»
Намояндагони Узбекистон ва комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиё ва Уқёнусия (ESCAP) каридори ҳамлу нақл аз тариқи бандари Чобаҳори Эронро баррасӣ карданд.
Бандари Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон дар солҳои ахир бо ҳадафи тақвияти тиҷорати кишварҳои минтақа бавижа Ҳинд бо Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масири рушду тавсеа қарор гирифтааст.
Мақомоти вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон ва ҳайати ESCAP дар дидор бо якдигар дар Тошканд, тавсеаи каридори ҳамлу нақли Узбекистон - Туркманистон - Эрон - Ҳиндро аз тариқи бандари Чобаҳор мавриди арзёбӣ қарор доданд.
Дар ин музокирот дар мавриди танзими мутолиоти имконсанҷии як масири ҳамлу нақли ҷадид, ки дар натиҷаи зарурати ироаи хадамот барои ҳаҷми тиҷорати фазояндаи Узбекистону Ҳинд, ки дар ояндаи наздик ба як миллиард доллар хоҳад расид, эҷод шавад, тавофуқ шуд.
Ин масир ҳамчунин содироти бидуни вақфаи колоҳо дар чорчӯби мубодилоти бозаргонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндро таъмин мекунад, ки ба навбаи худ барои афзоиш то се миллиарду 200 миллион доллар дар сол талош мекунад.