Толибон: Аз кишти хашхош ва ихтилос пешгири кардем
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i91762-Толибон_Аз_кишти_хашхош_ва_ихтилос_пешгири_кардем
Муъовини аввали раиси давлати мувақати Толибон дар Афғонистон муддаи шуд: Ин давлат дар як соли гузашта аз кишти хашхош ва вуқуъи ихтилос дар Афғонисон пешгири карда аст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 24, 2022 18:18 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Аз кишти хашхош ва ихтилос пешгири кардем
    Толибон: Аз кишти хашхош ва ихтилос пешгири кардем

Муъовини аввали раиси давлати мувақати Толибон дар Афғонистон муддаи шуд: Ин давлат дар як соли гузашта аз кишти хашхош ва вуқуъи ихтилос дар Афғонисон пешгири карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мулоабдуғани Бародар, муъовини аввали раиси давлати мувақати Толибон имрӯз шанбе гуфт: Давлат дар як соли гузашта илова бар пардохти ҳуқуқи беш аз 400 ҳазор корманд амалкарди мувафақи дар пешгири аз ихтилос ва кишти хашхош дошта аст.

Пеш аз ин Абдусаломи Ҳанафӣ, муъовини аввали кобинаи Толибон низ гуфта буд, ки давлат тамоми ҳуқуқи кормандони давлатиро аз авоиди дохили пардохт мекунад дар ҳоле, ки дар гузашта ҳафтод дарсад ҳуқуқи кормандони давлатӣ аз сӯи хориҷиҳо таъмин мешуд.

Вай аз ихтилос дар низоми гузашта низ сухан гуфт ва иброз дошт: 60 миллиард афғонӣ аз сӯи мақомоти ҳукуматҳои пешин аз байтулмол ихтилос шуд ва санадҳои марбута мавҷуд аст.