Сентябр 24, 2022 21:35 Asia/Dushanbe
  • Оғози сабтиноми довталоабони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон
    Оғози сабтиноми довталоабони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон

Сабтиноми довталабони интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ дар саросари Қазоқистон.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон афроди дорои тобеъият аз рӯзи тавалуд 15 сол истиқомати бедуни вақфа, дорои таҳсилоти олӣ, ҳаддиақал 40 сол син, бархурдор аз ҳақи райи фаъол, ҳаддиақал 5 сол собиқаи хадамоти давлатӣ ва мусалат ба забони давлати метавонанд номзади интихоботи зудҳангоми раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон шаванд.

Довталабони мушорикат дар интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Қазоқистон метавонанд то соати 18 рӯзи 11 октябр дархости худро эълом кунанд.

Камисяи марказии интихоботи Қазоқистон теъдоди афроди дорои шароити рай дар ин кишварро то аввали июли соли 2022ро 11.8 миллион нафар эълом карда аст.

Барои ҳимоят аз як довталаб бояд беш аз 118 ҳазор имзои райдиҳандагон дар марҳалаи сабтином тавассути камисяи марказии интихоботи ҷумҳури ҷамовари шавад.

Ба ҳар номзади раёсати ҷумҳурии Қазоқистон 10 миллион танга барои таблиғот ихтисос дода мешавад.

Интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон 20 ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, ки ба гуфтаи Токаев дар натиҷаи он тағироти кулли дар системаи сиёсии ин кишвар ба дунбол хоҳад дошт.