Эъломи омодагии давлати Толибони Афғонистон барои иҷрои тарҳи интиқоли гази ТАПИ
Муовини иқтисодии ҳайати давлати Толибон барои иҷрои тарҳи интиқоли гази Туркманистон аз хоки Афғонистон ба Ҳинду Покистони эъломи омодагӣ кард.
Хати лӯлаи гази ТАПИ 1814 километр тӯл дорад ва гази Туркманистонро аз тариқи Афғонистон ба Покистону Ҳинд интиқол медиҳад.
Ин хати лӯла 207 километр дар дохили хоки Туркманистон аст, 774 километр аз хоки Афғонистон ва 826 километр аз хоки Покистон то Ҳиндустон имтидод дорад. Кори бунёди хутути лӯлаи пружаи ТАПИ аз соли 2018 дар Афғонистон оғоз шуд, аммо ба далели ҷангу ноамнӣ то кунун аз пешрафти лозим бархӯрдор набудааст.
Дар чунин шароите ҳукумати Толибон мегӯяд, барои амалӣ кардани тарҳи ТАПИ кумитаи тахассусӣ эҷод кардааст.
Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии раиси давлати Толибон дар Афғонистон рӯзи якшанбе дар дидори раиси иҷроии ширкати интиқоли гази Туркманистон ба Покистону Ҳиндустон (тарҳи ТАПИ) вазъияти кунунии Афғонистонро фурсате муносиб барои иҷрои ин тарҳ донист ва гуфт, Толибон дар ин замина омодаи ҳар навъ ҳамкорӣ аст.
Туркманистон дар талош аст то гази тавлидии ин кишварро аз тариқи хати ТАПИ ба кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Ҳинд содир кунад, аммо мушкилоти зиёде, аз ҷумла набуди амният дар масири интиқоли хати лӯлаи ТАПИ дар Афғонистон ва бархе аз манотиқи Покистон яке аз муҳимтарин мушкилот барои Туркманистон ва хати лӯлаи ТАПИ аст.