Таъкиди вазирони Туркманистону Покистон бар иҷрои тарҳҳои муштарак
-
Густариши ҳамкориҳои Туркманистон бо Покистон
Вазири умури хориҷаи Туркманистон ва вазири нафти Покистон бо якдигар дидор карданд.
Рашид Муродов, вазири хориҷаи Туркманистон дар бинои Вазорати умури хориҷа бо Мусаддиқ Масъуд Молик, вазири нафти Покистон ба сурати видеоӣ гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор бар аҳамияти иртиботот ва дидорҳо дар сатҳи боло барои тақвияти бештари ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷониба байни Туркманистону Покистон таъкид шуд.
Дар ин гуфтугӯ тарафайн дар мавриди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, ба вижа мушорикат дар бахши энержӣ гуфтугӯ карданд. Дар ин замина имкони иртиқои бештари иҷрои пружаҳои муҳими стратегӣ монанди хати лӯлаи гази фаромиллии Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳинд (TAPI), хутути барқу иртибототи фибери нурӣ дар имтидоди хати лӯлаи Туркманистон - Афғонистон - Покистон хотирнишон шуд.
Молик хотирнишон кард, раиси ҷумҳурии Покистон аз ин пружаҳо ҳимоят мекунад, ки ҳам барои ҳар як аз тарафҳо ва ҳам барои кулли минтақа муҳим аст. Ташдиди кори муштарак барои иҷрои ин пружаҳои бузург яке аз вазоифи аслии ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии Туркманистон ва Покистон аст.