Азми Қазоқистону Узбекистон барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ
(last modified Thu, 29 Sep 2022 04:06:09 GMT )
Сентябр 29, 2022 09:06 Asia/Dushanbe
  • Азми Қазоқистону Узбекистон барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ

Вазири тиҷорату ҳамгароии Қазоқистону вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон таъкид карданд, мубодилаи тиҷорӣ байни ду кишвар то 10 миллиард афзоиш меёбад.

Ин матлаб дар мулоқоти Серик Жумангарин, вазири тиҷорату ҳамгароии Қазоқистон бо Ҷамшед Хоҷаев, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон эълом шуд.

Дар ин дидор заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла механизми хариди меваҳо ва сабзиҷот, тахсиси саҳмия барои арзаи худравҳои сохти Қазоқистон ба Узбекистон, имкони ироаи тахфиф барои транзити орди Қазоқистон ба Афғонистон аз тариқи Узбекистон, афзоиши теъдоди парвозҳо баррасӣ шуд.

Бар асоси гузориши вазорати тиҷорати Қазоқистон, эҷоди маркази байналмилалии ҳамкориҳои санъатии Осиёи Марказӣ, яке аз иқдомоти муҳими барномаи иқдоми амалӣ (нақшаи роҳ) барои расондани тиҷорати мутақобили Қазоқистону Узбекистон ба 10 миллиарддоллар дар 5 соли оянда, ҳастанд.

Узбекистон шарики тиҷории аслии Қазоқистон дар Осиёи Марказӣ аст .