Нигаронии порлумони Қирғизистон аз вуруди таҷҳизоти низомии амрикоӣ ба Тоҷикистон
Дар нишасти порлумони Қирғизистон намояндагон нигаронии худро дар мавриди ирсоли ҳавопаймоҳои низомӣ ба Тоҷикистон аз сӯи Амрико иброз карданд.
Ба гузориши «Форс», дар нишасти порлумони Қирғизистон намояндагон нигаронии худро аз дарёфти ҳавопаймоҳои низомӣ тавассути Тоҷикистон аз Амрико иброз карданд.
Чингиз Ҳайдарбеков, намояндаи порлумон пешниҳод кард, иқдомоти дипломатии пешгирона анҷом шавад то Иёлоти Муттаҳида ин таҷҳизотро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтақил накунад, зеро ҳеҷ тазмине вуҷуд надорад, ки тарафи Тоҷикистон аз он алайҳи Қирғизистон истифода накунад.
Дар ҳамин робита Мурод Бейшенов, муовини собиқи вазири дифои Қирғизистон гуфт, ки ин таҷҳизот дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон аст.
Вай гуфт: Мо дар мавриди таҷҳизоти ҳавоӣ суҳбат мекунем, ки дар моҳи августи соли гузашта дар ҷараёни интиқоли ниҳоии қудрат дар Афғонистон ба Толибон вориди Тоҷикистон шуданд. Халабонони Афғонистон бо ҳавопаймову болгард дар Узбакистону Тоҷикистон фуруд омаданд ва дар ин кишварҳо боқӣ гузошта шуданд.
Дар айни ҳол, ин коршинос ин нуктаро рад накард, ки неруҳои ҳавоии Узбакистону Тоҷикистон дар ҳоли омӯзиши халабонони худ бо ҳавопаймоҳо ва болгардҳои Афғонистон ҳастанд.
Бейшенов муътақид аст, ҳам имкони омӯзиши халабонон ва ҳам вуҷуди ин таҷҳизот дар неруҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсоя метавонад авзои минтақаро печида кунад. Дар сурати ҷанг барои қудрат ё ҳар гуна даргирии мусаллаҳона, ҳеҷ кас наметавонад тазмин кунад, ки аз ин таҷҳизот дар ҷанг истифода нахоҳад шуд.
Ин иддаои тарафи қирғиз дар ҳолест, ки аз руи шавоҳиде, ки мардум ва мақомоти Тоҷикистон дар даст доранд, дар даргирии марзии 14 то 17 сентябри ҷорӣ Қирғизистон аз ҳавопаймоҳои бидуни санишине, ки Туркия таҳвили Қирғизистон додааст, алайҳи маконҳои иҷтимоӣ ва мактабу масҷид истифода кардааст.