Тошкенд мизбони нишасти кишварҳои барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаӣ Осиёи Марказӣ
Нишасти гурӯҳи кории кишварҳои барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаӣ Осиёи марказӣ (CAREC) дар таърихӣ 26 ва 27-уми октябр дар шаҳри Тошкенд баргузор мешавад.
Мақомоти Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон дар шаҳри Тошкенд бо ҳайати камисиюни иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид барои Аврупо ба сарпарстии Walter Heitler раиси бахши ҳамлу нақли ин камисиюн дидро ва гуфтугӯ карданд.
Ба гузриши Садои Хуросон ба навқл аз Форс, дар ин нишаст масоили рӯз таҳкими беш аз пеши потансели транзетӣ ва ҳамлу нақли Узбакистон барои рушди пойдори тиҷорати байналмиллалӣ, тақвияти амнияти ҳамлу нақл бор ва мусофир аз тариқи каридурҳои ҳамлу нақли ин кишвар мавриди барраси қарор гирифт.
Ҳамчунини имконоти ҷазби сармоягузорони хориҷӣ дар пружаҳои тавсиаи бахши саноеи кучак ва байнамиллалӣ дар заминаи леҷестик, диҷитолсозии системаи ҳамлу нақл ва ҳамчунин эҷоди зербаноҳои канор ҷоддаӣ мавриди баррраси қарор гирифт.
Ҳамчунин бо ҳадафи ҳамоҳангии маросимҳои ёдшуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ дар мавриди баргузори нишасти гурӯҳи кории кишварҳои барномаи ҳамкории иқтисордии минтақаӣ Осиёи Марказӣ (CAREC) рӯзҳои 26 ва 27-уми октябр дар шаҳри Тошкенд бо ҳимояти камисиюни иқтисодии Созмони Миллаи Муттаҳид барои Аврупо тавофуқ ба даст омадааст.
Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаӣ Осиёи Марказӣ (CAREC) дар соли 1997 ва ҷиҳати пешбурд ва тарвиҷи рушди иқтисодӣ ва иртиқои стандартҳои зиндагӣ дар Осиёи Марказӣ аз тариқи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсиаӣ дар қолаби Бонки Тавсиаи Осиё шакл гирифт.
Аъзои ин барнома шомили кишварҳои узви Бонки Тавсиаи Осиёӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳастанд ин кишварҳо шомили Ҷумҳури Халқии Чин бо тамаркуз бар минтақаи худмухтори Син Гиёнг Юғур, Муғулистон, Покистон, Узбакистон, Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Гурҷистон ҳастанд.