Октябр 01, 2022 17:35 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сарони ниҳодҳои амниятии ИДМ дар Маскав

18-умин нишасти Шӯрои раисони ниҳодҳои амниятӣ ва иттилоотии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мизбонии Русия дар Маскав баргузор шуд.

Ҳаждаҳумин нишасти Шӯрои сарони ниҳодҳои амниятӣ ва иттилоотии кишвари ИДМ, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия дар Маскав барпо шуд.

Дар ин нишаст натоиҷи таъомулоти охирин нишасти гузашта, мавзуоти муҳими ҳамкории сервисҳои вижа дар заминаи таъмини амният ва субот дар кишварҳои ИДМ дар чорчӯби барномаҳои таҳоҷумии Ғарб барои ҳифзи раҳбарии ҷаҳонӣ бар мафҳуме ғайри қобили қабул барои ҷомеъаи байналмилалӣ, мубтанӣ бар назми ҷаҳонии якқутбӣ ба раҳбарии Иёлоти муттаҳида, баррасӣ шуд.

Раисони ниҳодҳои вижаи ИДМ изҳор доштанд, нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути Амрико ва муттаҳидонаш, ҳанҷорҳои муъоҳидоту мувофиқатномаҳои байни давлатӣ метавонад сохтори амниятии мавҷӯдро номутаъодил кунаду потансиали даргирӣ дар манотиқи ҷудогонаро ба мизони қобили таваҷҷӯҳе афзоиш диҳад.

Дар ин нишаст бар аҳамияти тақвияти бештари таъомули амалии мутанаввеъ байни хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ дар шароити феълӣ таъкид шуд.

Дар чорчӯби фаъолияти ниҳоди машваратӣ, дар қобили видеоконфронс дидори раисиҷумҳури Русия бо раисони ниҳодҳои вижаи кишварҳои ИДМ баргузор шуд.

Путин зимни суханоне хитоб ба ширкаткунандагони ин нишаст хотирнишон кард, ки тақвияти суботу амният дар фазои кишварҳои ИДМ ба унвони авлавияти субот барои кишварҳои узв боқӣ мемонад.

Вай бар аҳамияти таҳкими талошҳои сервисҳои вижа дар ростои муборизаи муштарак бо чолишу таҳдидоти хориҷӣ, ки бар манофеи ҳаётии кишварҳои ИДМ таъсир мегузоранд, таъкид кард.

Дар ёддоште, ки дар поёни ин нишаст ба тасвиб расид, қасди сервисҳои амниятии шарик барои густариши шаклҳо ва заминаҳои ҳамкорӣ ва ҳамчунин тақвияти таъомул дар заминаи тазмини амнияти кишварҳои ИДМ дарҷ шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп