Пирӯзии қобили пешбинии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури муваққати Узбакистон бо касби беш аз 88 дарсад оро дар интихоботи раёсатҷумҳурии чаҳоруми декабр дар ин кишвар ба пирӯзӣ расид.
Раиси Комиссияи интихоботи Узбакистон рӯзи душанбе (5 декабр) ҳамзамон бо эъломи орои ҳар як чаҳор номзади ин давр аз интихоботи Узбакистон аз эъломи пирӯзии қотеъи Шавкат Мирзиёев хабар дод.
Мирзиёев аз фардои дар гузашти Ислом Каримов, раисиҷумҳури собиқи Узбакистон дар дувуми сентябри гузашта, раёсатҷумҳурии муваққати ин кишварро ба ӯҳда дошт.
Ба гуфтаи Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси Комиссияи интихоботи Узбакистон дар ин давра аз интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон, ҳар як аз се рақиби Мирзиёев ба номҳои Ҳотамҷон Кетмонов, Наримон Умаров ва Сарвар Отамуродов камтар аз се дарсад ва ё андаке беш аз 3 дарсади орои мардумро ба худ ихтисос доданд.
Ин мақоми Комиссияи интихоботи Узбакистон ҳамчунин аз мушорикати беш аз 78 дарсади воҷидони шароити раъй додан дар интихоботи раёсатҷумҳурии чаҳоруми декабри ин кишвар хабар дод.
Сарфи назар аз пешинаи илмӣ ва иҷроии Мирзиёев дар арсаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ, аммо ончӣ таваҷҷӯҳи маҳофили сиёсиро ба пирӯзии вай дар интихобот ҷалб кардааст, эътимоди шахси Ислом Каримов ба вай аз рӯзҳои аввали истиқлоли Узбакистон, то замони даргузашти раисиҷумҳури собиқ будааст. Ҳамин мавзӯъ дар даврони пас аз Каримов, ду гумонаро матраҳ кардааст, аввал ин ки Мирзиёев дар идораи кишвар ва ҳамчунин дар арсаи сиёсати хориҷӣ дар ҳамон мадор ва меҳвари Ислом Каримов ҳаракат хоҳад кард, дигар ин ки Мирзиёев бо пушт кардан ба рӯйкардҳои иҷроӣ ва стратегияи сиёсати хориҷии даврони гузашта, роҳи ҷадидеро арсаҳои дохилӣ ва хориҷии Узбакистон таъриф хоҳад кард.
Шояд яке аз далоиле, ки сабаб шудааст, то Мирзиёев дар интихоботи чаҳорум декабр, бештар 88 дарсади орои ширкаткунандагонро ба худ ихтисос диҳад, ҳамин бардошти дугонаи ҷомеаи Узбакистон аз рафтори Мирзиёев дар даврони пас аз Каримов аст. Ба иборати дигар, Мирзиёев аз сентябри гузашта то кунун муваффақ шуд, зимни ҳамсусозии ғарбгароёни ҷомеа, орои тарафдорони Русияро низ дар ин ҷумҳурӣ ба худ ихтисос диҳад. Муътақидон ба асли истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодии Узбакистон, дар канори тарафдорон муътақид ба ҳалли ихтилофоти минтақаӣ ва низ он бахш аз ҷомеъа, ки умедвор ба эҳёи иқтисоди кишвар ва ҳато беҳбуди стандартҳои иҷтимоӣ ва озодиҳои маданӣ дар Узбакистон ҳастанд, дар интихоботи ахир дар радифи раъйдиҳандагон ба Мирзиёев қароргирифтанд доранд. Вазъияте, ки агар чи таваққуоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва амниятии оммаи ҷомеаро аз раисиҷумҳури Узбакистон афзоиш медиҳад, аммо ба ҳамон андоза, метавонад ба воситаи машруъият бахшии интихобот ба шахси Мирзиёев, ба тавоноиҳои вай дар мақоми раисиҷумҳури Узбакистон барои таҳаққуқ бахшидан ба барномаҳои интихоботӣ кумак кунад.
Илова бар аҳамияте, ки пирӯзии Мирзиёев дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ барои ҷомеаи Узбакистон дошт, таваҷҷуҳи кишварҳое назири Русия, Тоҷикистон ва ҳатто Қазоқистон ба пирӯзии Мирзиёев низ ғайриқобили инкор аст. Ба гунае, ки раҳбарони ин се кишвар бо ирсоли паёмҳои табрик ба раисиҷумҳури ҷадиди Узбакистон, амалан таваҷҷуҳи вайро ба зарурат идомаи сиёсати хориҷии ҷадиди Тошканд аз фардои рӯйи кор омадани Мирзиёев дар сентябри гузашта ҷалб карданд.
Ҳамкорӣ ва ҳамгароӣ бо Русия, ҳалли ихтилофоти таърихӣ бо Тоҷикистон ва канор гузордани рақобатҳои минтақаӣ бо Қазоқистон дар қолаби фароянди ҳамкориҳои мутақобил ва сохторӣ, ҳама паёми рафтори сиёсати минтақаии Мирзиёев ба унвони раисиҷумҳури муваққати Узбакистон ба кишваҳои ҳамсоя ва албатта интизори онон аз вай будааст.
Истиқболи раҳбарони ҷумҳуриҳои минтақа аз пирӯзии Мирзиёев дар интихоботи чаҳоруми декабр низ дар ростои умедвории раҳбарони Маскав, Душанбе ва Остона бар пойбандии раисиҷумҳури ҷадиди Узбакистон дар ироаи таърифи ҷадид аз равобити Тошканд бо кишварҳои Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистон қобили арзёбӣ аст. Маҷмуаи ин шароит ба худии худ даврони ҷадиде аз ҳаёти сиёсии Узбакистонро арсаҳои мухталиф дохилӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ ба тасвир мекашад.