Октябр 02, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
  • Вай гуф: Дар кишвари мо корзори сиёсии бузурге оғоз шудааст
    Вай гуф: Дар кишвари мо корзори сиёсии бузурге оғоз шудааст

Раис Ҷумҳӯри Қазоқистон нисбат ба афзоиши ҳаҷми ҳамалоти сайберӣ ҳушдор дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, Раиси Ҷумҳӯрии Қазоқистон нисбат ба ифзоиши ҳаҷми ҳамалоти сайберӣ ба ин кишвар баъд аз эъломи кампайни сиёсии  густардаи мирабут ба ислоҳи қонуни асосӣ, итихоботи раёсат ҷумҳури ва парлумонӣ ҳушдор дод.

Қосим Жомарт Токаев раиси Ҷумҳӯрии Қазоқистон дар дидор  бо мардумии  устони Обой ба талоши фарояндаи ҳамалоти иттилоотии сайберӣ ва қасди бархе нерӯҳо барои созмондеҳии инқилоб дар дохили ин кишвар ишора кард.

Вай гуф: Дар кишвари мо корзори сиёсии бузурге оғоз шудааст ва албатта баъд аз эъломи интихобот баҳс ва мунозираҳои мухталифе имкон пазир аст. Аммо мумкин аст касоне ҳам бошанд, ки ақоиди мухолифи манофеъи кишварамонро баён ва ҳатто иттилооти нодурӯстро мунташир кунанд. Лизо мо бояд муроқби ин мавзӯъ бошем.

Токаев дар идома хотирнишон кард: Пас аз эъломи баргузории интихобот, интишори анвоъи иттилооти нодурӯст ва ҷаълӣ шиддат гирифт ва ҳамалоти сайберӣ ба кишвар бештар шуд.

Раиси Ҷумҳӯри Қазоқистон бо баёни ин, ки як амри тасодуфи нест ва бо қасди бархе нерӯҳои хориҷи барои эҷоди сардаргуми ва аз ин тариқ ҷилавгирӣ аз тағироти мусбат дар ин кишвар муртабит аст, гуфт: Аммо мо аз ин масири интихобшудаи худ мунҳариф нахоҳем шуд.

 

Барчасп