Декабр 06, 2016 19:30 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти адои таколифи динӣ дар идороти Қазоқистон

Муовини вазири умури дин ва ҷомеаи мадании Қазоқистон бо ишора ба дунявӣ будани давлати ин кишвар гуфт: Коркунони давлатӣ дар ин ҷумҳурӣ ҳақ надоранд, батаври ошкор ақоиди динии худро изҳор кунанд ва дар сооти идорӣ намоз бихонанд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Берик Арин, муовини вазири умури дин ва ҷомеаи мадании Қазоқистон дар нишасти хабарӣ афзуд: Коркунони давлат дар сооти корӣ иҷозаи адои намоз дар идорот ва масоҷидро надоранд.

Вай дар айни ҳол муддаӣ шуд, ки Қазоқистон барои озодии адён эҳтиром қоил аст, аммо тибқи Қонуни асосӣ, як давлати дунявӣ бар ин кишвар ҳоким аст.

Муовини вазири умури дин ва ҷомеаи мадании Қазоқистон бо таъкид бар инки ин маҳдудият ба маънии манъи озодии мазҳаб дар Қазоқистон нест, гуфт: Ҳар як аз кормандони давлатӣ, ки наметавонанд ақоиди мазҳабии худро пинҳон кунанд ва ё намехоҳанд, масҷидро тарк кунанд, бояд аз фаъолият дар умури давлатӣ даст бикашанд ва дар бахшҳои хусусӣ ба фаъолияти худ идома диҳанд.

Ин иқдоми давлати Қазоқистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки аз чанд соли пеш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳоди таътил шудани рӯзи ҷумъа матраҳ шудааст.

Тарафдорони ин пешниҳод муътақиданд, ки бо таваҷҷуҳ ба инки 90 дарсади мардуми кишварҳои ин минтақа мусалмон маҳсуб мешаванд ва бештари онҳо намоз мехонанд, рӯзи ҷумъа бояд дар ин кишварҳо таътил шавад, то мусалмонон дар ин рӯз битавонанд батаври озодона фароизи мазҳабии худро анҷом диҳанд.