Октябр 03, 2022 15:04 Asia/Dushanbe
  • Тоқаев дар бораи энержии ҳастаии сулҳомез гуфт
    Тоқаев дар бораи энержии ҳастаии сулҳомез гуфт

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон бо руасои созмонҳои илмии Ҷопон, Фаронса ва Русия дидор кард.

Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон бо раисони ширкатҳои ҷопонӣ, фаронсавӣ ва муассисаи муштараки таҳқиқоти ҳастаии Русия дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор дурнамои тавсеаи илми ҳастаӣ дар Қазоқистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва руасои созмонҳои илмии хориҷӣ алоқаи худро барои ҳамкории наздик бо тарафи қазоқӣ иброз карданд.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар суханоне хотирнишон кард, ки Остона тарафдори фаъоли истифодаи мунҳасиран мусолиматомез аз энержии ҳастаӣ аст.

Бинобар суханони вай, Қазоқистон дар истихроҷи урани табиӣ рутбаи аввалро дар ҷаҳон ба худ ихтисос додаву қатаоти сӯхти ҳастаиро тавлид мекунад.

Дар ин дидор дар мавриди тавсеаи энержии ҳастаӣ дар Қазоқистон, истифода аз фанновариҳои навини ҳастаӣ ва омӯзиши илмии персонали ҳирфаии дохилӣ табодули назар сурат гирифт.

 

Барчасп