Октябр 06, 2022 19:29 Asia/Dushanbe
  • Кумаки як миллиардии СММ ба Афғонистон

Созмони милал эълом кард, дар як соли гузашта беш аз як миллиард доллар кумаки башардӯстона барои мардуми Афғонистон ирсол кардааст.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон «UNAMA» эълом кард, ин ниҳод дар як соли гузашта беш аз як миллиард доллар кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон ирсол кардааст.

UNAMA афзуд, ин кумакҳо бо ҳадафи наҷоти мардуми Афғонистон, ки бештарин ниёзро доранд, ироа шудааст. Ин ниҳод ҳамчунин изофа кард, маблағи мазкӯр дар як бонки тиҷории хусӯсӣ нигаҳдорӣ мешавад ва ин маблағҳо дар ихтиёри мақомоти Толибон қарор намегирад.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳам дар сафҳаи “Твиттер”-аш навишт: «даҳҳо ҳазор шаҳрванди афғон дар яксоли гузашта шуғли худро аз даст додаанд ва барои фароҳам кардани ниёзҳои аввалия бо мушкил мувоҷеҳанд. Ин ниҳод эълом кард, бидуни ҳимояти байналмилалӣ, вазъият бадтар хоҳад шуд ва барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештари авзоъи инсонӣ дар Афғонистон ниёз ба густариши сармоягузорӣ аст».