Октябр 13, 2022 20:03 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи поёнии конфронси таъомул ва эътимодсози дар Осиё
    Баёнияи поёнии конфронси таъомул ва эътимодсози дар Осиё

Ширкаткунандагон дар баёнияи поёни эълом карданд: Фаъолиятҳои муштаракмонро тақвият хоҳем кард то битавонем бо расидагии муштарак ба мушкилоти қарни 21 ва ҳалли мусолематомези ихтилофот бар асоси маншури миллали муттаҳид ба як минтақаи амн ва мурафа дастёбем.

Ба гузориши шабакаи Ти Ор Ти дар ин баёния таъкид шуд, ки ба унвони аввалин гом аз раванди табдили конфронси таъомул ва эътимодсози Осиё ба як созмони байналмиллалӣ ҷаласаҳое, ки дар қолаби шуро сурат мегириф аз ин пас ба шакли иҷлоси сатҳи боло баргузор ва аз мудири иҷроӣ низ ба унвони дабири кул ёд хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар ин баёния Кувайт ба унвони бистуҳаштумин узви комили конфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё муъарифи шуд ва ширкаткунандагон мувофиқат карданд, ки Қазоқистон раёсати давраро то соли 2024 бар уҳда дошта бошад.