Октябр 17, 2022 12:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории порлумонӣ-меҳвари машварати мақомоти Узбекистону Қазоқистон

Раисони Сенати Узбекистону Қазоқистон дар як гуфтугӯи телефонӣ чашмандози ҳамкориҳои байнипорлумониро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Танзила Норбоева-раиси маҷлиси Сенати Узбекистон ва Мавлон Ашимбоев-раиси Сенати Қазоқистон дар гуфтугӯи телефонӣ чашмандози ҳамкориҳои байнипорлумониро баррасӣ карданд .
Дар гуфтугӯи телефонӣ таъкид шуд, ки дар солҳои ахир дар натиҷаи равобити судманди қобили эътимоду иродаи қавии сиёсии раисони ҷумҳӯрии ду кишвар дар тавсеъаи равобити бародаронаи Узбекистону Қазоқистон муваффақиятҳои бесобиқае ба даст омадааст .
Раисони маҷолиси ду кишвар дар хусӯси таҳкими беш аз пеши равобити хуби ҳамҷаворӣ, мушорикати роҳбурдӣ ва ҳампаймонии Узбекистону Қазоқистон густариши мушорикати амалӣ дар тамоми бахшҳои ҳамкории дуҷониба табодули назар карданд .
Арзиши мубодилоти бозаргонии Қазоқистону Узбекистон дар соли 2021 ҳудуди 3 миллиарду 900 миллион доллар буд.

 

Барчасп