Октябр 17, 2022 20:41 Asia/Dushanbe
  • Ваксинасиюни фалаҷии атфол дар 22 вилояти Афғонистон
    Ваксинасиюни фалаҷии атфол дар 22 вилояти Афғонистон

Бо оғози тарҳи ҷадиди ваксинасиюни фалаҷи атфол дар 22 вилояти Афғонистон ҳудуди 6 миллион кудак ваксина хоҳанд шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати беҳдошту дармони давлати мувақати Толибон рузи душанбе эълом кард: Тарҳи ваксинасиюн ҳудуди 6 миллион кудаки зери 5 сол дар 22 вилояи Афғонистон бо ҳамкории созмонҳои байналмиллалӣ оғоз шуд ва то 4 руз идома хоҳад дошт.

Вазорати беҳдошту дармони давлати мувақати Толибон гуфт: Дар соли ҷорӣ беш аз шаш навбат тарҳи сарорсаии ваксинаи фалаҷи атфол иҷроӣ шуд ва натиҷаи хубе барои музбориза бо ин бемори дошта аст.

Қаландари Ибоди, вазири беҳдошту дармони давлати мувақати Толибон низ таъкид кард волидайн дар Афғонистон бояд бо ҳадафи саломатии ояндаи фарзандонашон кудакони зери 5 соли худро ваксина кунанд.

Иҷрои ваксинасиюни саросарии фалаҷи атфол дар Афғонистон бо ҳамкории сандуқи ҳимоят аз кудакони Созмони Миллал ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт иҷроӣ шуда аст.