Октябр 18, 2022 12:25 Asia/Dushanbe
  • Бекори коҳиши даромад ва афзоиши нархҳо аз авомили афзоиши фақр дар Афғонистон аст
    Бекори коҳиши даромад ва афзоиши нархҳо аз авомили афзоиши фақр дар Афғонистон аст

Дафтари намояндаигии кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид аз афзоиши панҷоҳ дарсадии фақр дар Афғонистон хабар дод.

Афғонистон дар ҳоле ба тозаги дар ҷойгоҳи 109 гуруснатарин кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст, ки иқтисоди ин кишвар дар ҳоли  суқт қарор дорад ва Амрико пас аз қудрат гирифтани дубораи Толибон, дороиҳои онро блук кардааст. Ҳузӯри бист солаи аритиши Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон ва ҷанги ноши аз он, боиси нобудии зерсохтҳои иқтисодӣ вабеҳдоштии ин кишвар шудааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, аз Кобул, дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Миллалӣ Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки дар се соли ахир мизони фақр дар Афғонистон панҷоҳ дарсад афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, мизони фақр дар Афғонистон чиҳилу ҳафт дарсад ба наваду ҳафт дарсад расидааст. Учо таъкид кард: Бекори коҳиши даромад ва афзоиши нархҳо аз авомили афзоиши фақр дар Афғонистон аст.

Дафтари ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллалӣ Муттаҳид хостори иқдомоти фаври барои поён додан ба фақр дар Афғонистон шудааст.

Аз сӯйи дигар ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳони ғизо, Созмони дидбони ҳуқуқи башар дар гузорише эълом кард: Ниме аз ҷамъияти Афғонистон, ки бештар  аз нуздаҳ миллион нафарро дар бар мегирад, сатҳи  болои ноамнии ғизоиро таҷруба мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, фақат дар соли 2022-и мелодӣ, сиву чаҳор ҳазор кӯдак ба иллати ибтилоъ ба сӯйи тағзия дар бемористонҳо бастари шудаанд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп