Октябр 19, 2022 10:53 Asia/Dushanbe
  • Амрико аз ноамнӣ дар Афғонистон суде намебарад

Сухангӯи ҳукӯмати Толибон бо интиқод аз сиёсатҳои Амрико дар қиболи Афғонистон гуфт : Ин кишвар аз ноамнӣ ва бесуботӣ дар Афғонистон суд нахоҳад бурд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт : Амният, субот ва равнақи иқтисодии Афғонистон ба нафъи ҳамаи кишварҳо аз ҷумла Амрико аст ва ҳамин гқна ноамнӣ, бесуботӣ ва тазъифи ҳукӯмати кунунӣ таъсироти манфӣ бар амнияту суботи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хоҳад гузошт.
Сухангӯи Толибон гуфт : Ҳукӯмати ҷадиди Афғонистон мехоҳад як узви қобили эътимоду мусбати ҷомеъаи ҷаҳонӣ бошад ва дар канори соири кишварҳои ҷаҳон ба гунаи мусолиматомез зиндагӣ кунад.
Ба гуфтаи Муҷоҳид ҳамакнун таъомули бисёре аз кишварҳои минтақа ба шумӯли кишварҳои арабӣ бо Толибон расмӣ аст, аммо расмияти ин таъомул эълом нашудааст . Вай афзуд : Ҳукӯмати Толибон ба таъаҳҳудоташ ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ пойбанд аст ва ҳамаи таъаҳҳудоти худро гом ба гом амалӣ мекунад ва намегузорад амнияти ҳеҷ кишваре аз ҷониби Афғонистон таҳдид шавад.
 

 

Барчасп