Талоши давлати Толибон барои тадвини қонуни асосии ҷадиди Афғонистон
Давлати Толибон аз талош барои тадвини қонуни асосии ҷадиди Афғонистон хабар дод.
Ба гузориши Садои Хуросон Забеҳуллоҳи Муҷоҳид сухангӯи давлати мувақати Толибон дар Афғонистон эълом кард, талош мешавад то кор барои таҳияи қонуни асоси дар Афғонистон оғоз шавад ва қонуни асоси ҷадид ҷойгузини асосии гузашта хоҳад шуд.
Забеҳуллоҳи муҷоҳид дар тавзеҳи талошҳои анҷом шуда дар заминаи тадвини қонуни асосии ҷадиди Афғонистон гуфт: Дар назар аст, ки қонуни асоси ҳамоҳанг ва тасвиб мешавад ва аркони боқимондаи низом ҳам созмондиҳи шавад.
Чеҳраҳои сиёсии Афғонистон қонуни асосиро яке аз ниёзҳои муҳими ин кишвар медонанд ва аз Толибон хостаанд то дар ин бора ба гунаи ҷиддӣ фаъолият кунад.
Қонуни асосии кунунии Афғонистон 12 фасл ва 162 модда дорад, ки бештар моддаҳои ин қонун борҳо аз сӯйи мақомҳои кунуни ва пешини ин кишвар нақз шудааст.