Октябр 26, 2022 11:47 Asia/Dushanbe
  • Дарёфти иқомати Қазоқистон бо сармоягузории 300 ҳазор долларӣ

Қазоқистон қасд дорад барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки 300 ҳазор доллар сармоягузорӣ кунанд,муҷаввизи иқомат содир кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Серик  Жумонгорин-муовини нахуствазир ва вазири тиҷорату ҳамгаройии Қазоқистон гуфт : Дар сурати сармоягузории 300 ҳазор долларии шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар барои онҳо муҷаввизи иқомат содир мешавад .
Ин мақоми қазоқ матлаби фавқро зимни посух ба дархости фраксиюни порлумонии « Оқ жол » баён кард .
Вай гуфт : Дар марҳалаи кунунӣ лоиҳае бо ҳадафи фароҳам кардани имкони дарёфти раводиди 10 сола бо ҳаққи иқомат барои бозаргонони хориҷӣ ,ки дар иқтисоди Қазоқистон беш аз 300 ҳазор доллар сармоягузорӣ мекунанд, дар ҳоли таҳия аст .
Вазири тиҷорату ҳамгаройии Қазоқистон тасреҳ кард : Дар дараҷаи аввал сармоягузорӣ дар таъсиси корхонаҷот, роҳандозии тавлиди саноъатии маҳсулот бо арзиши афзӯдаи боло, фанновариҳои ҷадиду ироаи хадамот, яъне сармоягузориҳое ки даромадҳои молии изофӣ ба буҷет ба сурати молиёт ва эҷоди фурсатҳои шуғлиро ба ҳамроҳ доранд, мадди назар қарор дода мешавад .
Таи нимаи аввали соли 2022 арзиши сармоягузории мустақими хориҷӣ дар иқтисодии Қазоқистон ба 14.5 миллиард доллар расид, ки дар қиёс бо давраи мушобеҳи як соли пеши 28.2 дарсад бештар шудааст .

 

Барчасп