Октябр 26, 2022 20:07 Asia/Dushanbe
  • Путин ба нахуствазири ҷадиди Британия табрик нагуфт
    Путин ба нахуствазири ҷадиди Британия табрик нагуфт

Сухангуи Кремл эълом кард раиси Ҷумҳурии Русия аз табрик ба нахуствазири ҷадиди Британия худдори карда аст.

Бо таъини Чорлези севум подшоҳи Британия Риши Сунак вазири дороӣ пешини ин кишвар расман ба унвони нахуствазири ҷадиди Британия таъин шуд.

Ин таъин дар миёни буҳрони сиёсӣ ва ошуфтагии иқтсиодии Британия анҷом шуд, ки Лез Трасс нахуствазири собиқро камтар аз ду моҳ баъд аз таъин ба канорагири маҷбур кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса Дмитри Песков сухангуи Кремл дар гуфтугу бо хабарнигорон эълом кард Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия оғоз ба кори Риши Сунак нахуствазири ҷадиди Британияро табрик нагуфт зеро Британия як кишвари ғайри дуст ба шумор меояд.

Ландан яке аз аслитарин кишварҳои тарафдори Украина дар баробари Русия маҳсуб мешавад.

 

Барчасп