Радди гузориши ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ аз вазъияти Афғонистон аз тарафи Толибон
(last modified Thu, 27 Oct 2022 09:32:56 GMT )
Октябр 27, 2022 14:32 Asia/Dushanbe
  • Радди гузориши ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ аз вазъияти Афғонистон аз тарафи Толибон

Сухангӯи вазорати хориҷаи давлати муваққати Толибон дар Афғонистон гузориши ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ аз вазъияти ин кишварро рад кард .

Ниҳодҳои ҳуқуқи башарии байналмиллалӣ дар гузоришҳои худ вазъияти ҳуқуқи башариро дар Афғонистон вахим мехонанд.
Дар ин замина ахиран гузоришгари муовини бахши занони дидабони ҳуқуқи башар эълом кард,ки Афғонистон ба хатарноктарин кишвари ҷаҳон барои занону духтарон табдил шудааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулқаҳҳори Балхӣ-сухангӯи вазорати хориҷаи давлати муваққати Толибон дар Афғонистон бо интишори баёнияе зимни интиқод аз гузоришҳои ниҳодҳои ҳуқуқи башарии байналмиллалӣ аз вазъияти ҳуқуқи башарии Афғонистон гуфт : Гузориши ин ниҳодҳо мабнои қонӯнӣ ва илмӣ надорад ва бар асоси шойиъоту манобеи маҷозӣ таҳия шудааст .
Балхӣ афзуд : " Давлати Толибон ҳар гуна шароити лозимро барои баррасии бетарафона ва дарёфти ҳақоиқ тавассути идороту ашхоси мушаххасшуда дар чорчӯби Миллали Муттаҳид барои баррасии вазъияти ҳуқуқи башарӣ дар Афғонистон фароҳам кардааст " .