Самарқанди Узбакистон ва Норои Ҷопон хоҳархонда шуданд
Октябр 27, 2022 19:50 Asia/Dushanbe
Ин қарордодро Фазлиддин Умаров шаҳрдори Самарқанд ва Нокогово Ген шаҳрдори Норо имзо карданд.
Дар ин маросим ҳамчунин Азиз Абдулҳакимов муовини нахуствазир вазири гардишгарӣ ва мероси фарҳангӣ, Эркинҷон Турдимов раиси шаҳри Самарқан, Кито Юшоки раиси порлумони Норо ва Куҷёмо Юшинури, сафири Ҷопон дар Узбекистон низ ҳузур доштанд.
Маросими имзои ин санад дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд ин аввалин мавриди барқарории равобити хоҳархондагӣ байни шаҳрҳои Узбекистон ва Ҷопон аст.
Дар идома ба намодин будани ин тасмим ишора шуд, ки Самарқанд нуқтаи стратегии "Ҷодаи бузурги Абрешим" ва Норо охирин нуқтаи шарқии он маҳсуб мешуд.