Декабр 08, 2016 17:41 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Кумитаи интихоботи Қирғизистон барои баргузор кардани ҳамапурсӣ

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон барои баргузор кардани ҳамапурсӣ ҷиҳати тағйиру ислоҳи Қонуни Асосии ин кишвар эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши РИА “Новисти”, равобити умумии Кумитаи марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи панҷшанбе бо эъломи ин хабар афзуд, ҳамапурсӣ дар шароити ҳукумати низомӣ ва ё ҳолати изтирорӣ дар ин кишвар баргузор намешавад. Бар асоси ин гузориш, барои назорат ба раванди ҳамапурсӣ нозирони байналамилалӣ аз кишварҳои Русия, Гурҷистон, Украина, Туркия ва низ намояндагони Созмонҳои байналамилалӣ ҳузур хоҳанд дошт.

Парлумони Қирғизистон моҳи ноябри соли 2016 ба баргузории ҳамапурсӣ барои ислоҳи Қонуни Асосӣ раъйи мусбат дода, 11 декабрро ба унвони таърихи баргузории ин ҳамапурсӣ таъйин кард. Ин ҳамапурсӣ дар сурате ки натиҷаи мусбат дошта бошад, афзоиши ихтиёроти нахуствазирро дар пай хоҳад дошт; иқдоме, ки мухолифони Алмазбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон муътақиданд, ҳадаф аз он тамдиди ҳокимияти ӯст. Қонуни Асосии ин кишвари Осиёи Марказӣ ба Отамбоев иҷоза намедиҳад, дар поёни давраи риёсатҷумҳурияш дар соли оянда як давраи раёсатҷумҳурии дигар номзад шавад.

 Тибқи Қонуни Асосии Қирғизистон, то соли 2020 ҳеҷ тағйире набояд дар он эъмол шавад.