Ноябр 02, 2022 11:16 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси гузориши ЮНИСЕФ шуморе аз кӯдакон пеш аз расидан ба бемороистон ба иллати суи тағзия ҷон бохтаанд
    Бар асоси гузориши ЮНИСЕФ шуморе аз кӯдакон пеш аз расидан ба бемороистон ба иллати суи тағзия ҷон бохтаанд

Сандуқи кӯдакони Миллаи Муттаҳид ЮНИСЕФ дар хусуси афзоиши суи тағзия дар байни кӯдакони Афғонистон ҳушдор дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сандуқи кӯдакони Миллаи Муттаҳиди ЮНИСЕФ дирӯз сешанбе эълом кард, шумори кӯдакони дорои суи тағзия дар Афғонистон дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 47 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бар асоси гузориши ЮНИСЕФ шуморе аз кӯдакон пеш аз расидан ба бемороистон ба иллати суи тағзия ҷон бохтаанд.

Сандуқи кӯдакони  Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) камбуди манобеъро мушкили муҳим Афғонистон унвон кард.

Дар ҳамин ҳол дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардустонаи Созмони Миллал дар гузорише аз афзоиши суи тағзияи кӯдакони афғон ибрози нигаронӣ кард.

Созмони ҷаҳонии ғизо (WFP) ҳам  ахиран бо интишори гузорише эълом кард, бӯҳрони иқтисоди дар Афғонистон вахимтар шудани авзоъи таҳияи ғизо тавассути волидайн барои фарзандонашон ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

Бар асоси ин гузориш дар Афғонистон аз ҳар да нафар нуҳ нафар ғизои кофи дар ихтиёр надоранд. Бархе Созмонҳои башардустона теъдоди афғонҳое, ки ба ғизои кофи дастараси надорандро 19 миллион нафар задаанд.