Талоши давлати муваққати Толибон барои содироти пахтаи Афғонистон аз тариқи Эрон
(last modified Thu, 03 Nov 2022 05:42:20 GMT )
Ноябр 03, 2022 10:42 Asia/Dushanbe
  • Пахтаи Афғонистон аз хоки Эрон ба ҷаҳон содир мешавад
    Пахтаи Афғонистон аз хоки Эрон ба ҷаҳон содир мешавад

Вазири санъат ва тиҷорати давлати муваққати Толибон дар Афғонистон эълом кард, Толибон дар садади содироти пахтаи ин кишвар аз тариқи Эрон ба соири кишварҳои ҷаҳон аст.

Нуриддин Азизӣ, вазири санъат ва тиҷорати давлати муваққати Толибон зимни таъкид бар афзоиши содироти Афғонистон гуфт, дар ҳоли музокира бо Эрон ва Покистон ҳастем то содироти пахтаро аз ин тариқ ба дигар кишварҳо афзоиш диҳем.

Дар ин замина Фозил Муҳаммади Фазлӣ, раиси Идораи санъат ва тиҷорати давлати муваққати Толибон дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон низ чанде қабл гуфта буд, ин давлат дар назар дорад роҳи тиҷоратии ҷадиде бо Эрон эҷод кунад.

Афғонистон ҳамакнун бо буҳрони инсонӣ, иқтисодӣ ва ғизоии ношӣ аз бист соли ишғолгарии низомиёни амрикоӣ ва муттаҳидонаш мувоҷеҳ аст.

Амрико пас аз ду даҳа ишғоли Афғонистон ва нобудии зерсохтҳои иқтисодиву беҳдоштии ин кишвар, ҳамзамон бо вуруди неруҳои Толибон ба Кобул, августи соли 2021 неруҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. Ба дунболи он Вашингтон пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ба баҳонаҳои воҳӣ ҳудуди 10 миллиард доллар аз дороиҳои мардуми Афғонистонро блок ва тасоҳуб ва ин кишварро таҳрим ва вазъияти афғонистониҳоро вахимтар кардааст.