Ноябр 05, 2022 10:30 Asia/Dushanbe
  • Самарқанд-мизбони ҳафтаи ҷаҳонии гардишгарии “Зиёрат”

Маросими ифтитоҳияи ҳафтаи ҷаҳонии гардишгари(туризм)и зиёрат дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд » баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Азиз Абдулҳакимов-муовини нахуствазир, вазири гардишгарӣ ва мироси фарҳангии Узбекистон дар ин маросим гуфт : Гардишгарӣ муҳимтарин заминаи иқтисоди Узбекистон аст . Ибтикороти Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри ин кишвар ва ислоҳоти вай дар роҳи эҷоди шароити муносиб барои гардишгарон дар ин масир нақши муҳимме ифо мекунад .
Вазири гардишгарӣ ва мироси фарҳангии Узбекистон изҳор дошт : Таи муддати кӯтоҳе дар заминаи ҷазби гардишгарони хориҷӣ ба кишвар ва эҷоди шароити матлуб барои онҳо иқдомоти лозим анҷом шуд . Аз ҷумла барои шаҳрвандони 90 кишвар режими лағви раводид иҷроӣ ва системаи электроникии раводид роҳандозӣ ва барои ширкатҳои гардишгарӣ сабукии молиётӣ ироа шуд .
Муовини нахуствазири Узбекистон унвон кард : Ҳамакнун дар ин кишвар зербиноҳои гардишгарии зиёрат тавсеа ёфта барои гардишгарон стандартҳои ҳалол иҷроӣ шуда, ки имрӯз ин иқдомот натоиҷи мусбати худро ба армуғон овардааст . Ба таври мисол Узбекистон дар гузориши GMTI ( Global Muslim Tourism Index ) аз рутбаи 32 дар соли 2017 ба рутбаи 9 суъӯд кард .
Муовини нахуствазири Узбекистон хотирнишон кард : Илова бар ин дар соли 2023 дар шаҳри Самарқанд нишасти маҷмаъи умумии созмони гардишгарии ҷаҳонии Созмони Миллали Муттаҳид баргузор мешавад, ки имрӯз омодагиҳо ба ин нишаст дар дасти анҷом аст . Дар соли 2023 шаҳри Самарқанд ба пойтахти гардишгарии ҷаҳон табдил хоҳад шуд .
Дар чорчӯби ҳафтаи ҷаҳонии гардишгарии зиёрат дар шаҳри Самарқанд намоишгоҳи меъмории исломӣ, нишасти байналмиллалӣ « Осиёи марказӣ – маркази фарҳанги исломӣ », ҷашнвораи « Нағмаҳои қалб » ва маросимҳои дигар баргузор мешавад .

 

Барчасп