Ирсоли 583 ҳазор доза ваксинаи "Ҷонсон энд Ҷонсон" ба Узбакистон
Дар чорчуби тарҳи мубориза бо Ковид-19 дар Узбакистон 583 ҳазору 200 доза ваксинаи корона "Ҷонсон энд Ҷонсон" ба ин кишвар ирсол шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Вазорати тандурустии Узбакистон эълом кард: Дар чорчуби мубориза бо Ковид-19 дар Узбакистон 583 ҳазору 200 доза ваксина зидди вируси корона "Ҷонсон энд Ҷонсон" ба ин кившар ирсол шуд.
Бар асоси ин гузориш якуним сол аст дар ин кишвар тарҳи ваксинасиюни зидди вируси корона иҷро мешавад.
Дар ин муддат аз 71 миллиону 600 ҳазор доза ваксина зидди вируси корона истифода шуда аст.
Ваксинаи зидди вируси коронаи "Ҷосон энд Ҷонсон" ҳаштумин навъи ваксинае аст, ки дар Узбакистон истифода мешавад.
Бар асоси омор теъдоди мубталоён ба корона дар Узбакистон ба 244 ҳазору 601 нафар расида аст.
То кунун дар ин кишвар 241 ҳазору 504 нафар аз корона беҳбуд ёфтанд ва 1637 нафар ҷони худро аз даст доданд.