Заминларза бахши аз Тоҷикистон ва Афғонистонро ларзонд
(last modified Mon, 07 Nov 2022 12:31:00 GMT )
Ноябр 07, 2022 17:31 Asia/Dushanbe
  • Заминларза бахши аз Тоҷикистон ва Афғонистонро ларзонд
    Заминларза бахши аз Тоҷикистон ва Афғонистонро ларзонд

Заминларза ба бузургии 5.4 риштаи бахшҳои аз кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистонро ба ларза даровард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Муъзиддин Аҳмадӣ, раиси иттилоъот ва фарҳанги ҳукумати Толибон дар вилояти Бадахшон гуфт: Заминларза бахшҳои аз шаҳристони Шуғнони ин вилоятро ларзонда аст.

Аз суи дигар созмони заминларзаи Амрико эълом кард: Заминларзаи бомдоди имруз душанбе бо шиддати 5.4 риштаи дар шаҳрисони Ҷурми вилояти Бадахшон рух дода аст.

Ҳамчунин бар асоси иттилоъоти мунташиршудаи заминларза бахшҳои аз Тоҷикистон дар ҳамҷавоии вилояти Бадахшони Афғонистонро низ ларзонда аст то кунун аз талафот ва хисоратҳои эҳтимолии ин заминларза ҷузиёти мунташир нашуда аст.