Ноябр 09, 2022 12:05 Asia/Dushanbe
  • Маҷористон ва Туркманистон ҳам мақоми нозир дар ин Созмон ҳастанд
    Маҷористон ва Туркманистон ҳам мақоми нозир дар ин Созмон ҳастанд

Нахустин нишасти Созмони кишварҳои туркзабон 10 ва 11-уми ноябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.

Шерзод Асадов раиси бахши матбуотии раёсат Ҷумҳӯрии Узбакистон эълом кард: Барномарези шудааст дар ин нишаст сарони Сазмони кишварҳои турк, ки дар манотиқи муҳими стратежикии Авру Осиё воқеъ аст, ширкат кунанд.

Узбакистон яке аз муҳимтарин аъзои ин Созмон мебошад. То ҳоли ҳозир тавассути Раиси Ҷумҳӯрии Узбакистон беш аз 30 ибтикори муҳим матраҳ шудааст, ки аксари оно иҷро шудааст.

Созмони кишварҳои туркзабон як Созмони байналмиллалиӣ аст ва кишварҳои туркро ба ҳамдигар пайванд медиҳад.

Ҳадафи аслии ин Созмон густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни кишварҳои узви ин Созмон мебошад.

Ин Созмон 3-уми октябри 2009 дар шаҳри Нахҷавон дар Ҷумҳӯрии Озарбойҷон таъсиси шудааст.

Ҳамакнун Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия ва Узбакистон аъзои ин Созмон,  Маҷористон ва Туркманистон ҳам мақоми нозир дар ин Созмон ҳастанд.

Бештар бихонед:

Барчасп