Ифшои бахши дигаре аз ҷиноёти низомиёни англисӣ дар Афғонистон
Низомиёни англисӣ дар замони ҳузури низомӣ дар Афғонистон 64 кӯдаки афғонро ба қатл расонданд.
Низомиёни амрикоӣ ва ҳампаёмононаш, аз ҷумла Англия пас аз 20 соли ишғолгарӣ дар Афғонистону иртикоби ҷиноёти бешумор бо нобудии зерсохтҳои иқтисодӣ ва беҳдоштӣ августи соли 2021 бо хиффат ва шикаст аз ин кишвар хориҷ шуданд. Гурӯҳи Толибон ҳам авосити августи ҳамин сол дар Афғонистон ба қудрат расидааст.
“ББС” дар ҷадидтарин гузориши худ эълом кард, 64 кӯдаки афғонистонӣ дар амалиёти артиши Англия тайи солҳои ҷанг дар Афғонистон кушта шуданд, ки давлати ин кишвар танҳо 16 мавридро ба сӯрати расмӣ пазируфта буд.
Ин дар ҳолест, ки як муассисаи хайрияи англисӣ эълом кард, омори ғайринизомиёни кушта шуда аз сӯи артиши Англия дар Афғонистон бештар аз ин чизе аст, ки токунӯн эълом шудааст.
Пеш аз ин “ББС” гузорише дар хусӯси ҷинояти ҷангии нерӯҳои вижаи Англия дар Афғонистон мунташир кардааст.
Бар асоси таҳқиқоти ин шабакаи англисӣ, маъмурони вижаи артиши Англия «SAS» дар замони ҷанги Афғонистон борҳо зиндониён ва мардони ғайримусаллаҳи афғонро ба қатл расонданд ва муртакиби ҷинояти ҷангӣ дар ин кишвар шуданд.
“ББС” гузориш дод, ки нерӯҳои вижаи артиши Англия дар соли 2010 тайи амалиёти шабона иқдом ба қатли 54 зиндонӣ ва ғайринизомиёни боздошт шуда карданд.