Имкони дарёфти тобеияти Узбекистон бо 1 миллиондоллар сармоягузорӣ
(last modified Sat, 12 Nov 2022 13:38:26 GMT )
Ноябр 12, 2022 18:38 Asia/Dushanbe
  • Имкони дарёфти тобеияти Узбекистон бо 1 миллиондоллар сармоягузорӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд тобеияти Узбекистонро ба равише сода аз тариқи сармоягузории дастикам як миллиондоллар дарёфт кунанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд тобеияти Узбекистонро ба равише сода аз тариқи сармоягузории дастикам як миллиондоллар дарёфт кунанд.

Натанҳо сармоягузорон, балки донишмандон, варзишкорон, чеҳраҳои фарҳангӣ ва ҳунарии саршиноси дигар кишварҳо низ метавонанд аз чунин равише истифода кунанд.

Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон, мутаммимҳоеро барои қонӯни тобеияти Узбекистон танзим карда, ки барои баҳсу баррасии умумӣ гузошта шудааст.

Ба асоси ин пешнавис, пешниҳод мешавад як равиши сода барои эътои тобеияти Узбекистон ба атбоъи хориҷӣ ё афроди бидуни тобеъият, ки барои тарҳҳои сармоягузорӣ дар ин кишвар дастикам як миллиондоллар сармоягузорӣ кардаанд, иҷроӣ шавад.

Муассисаи марказии бозори авроқи баҳодор ё Созмони хадамоти давлатии гувоҳиномаеро дар мавриди анҷоми сармоягузорӣ содир мекунад. Ин санад ба дархости пазириши тобеияти Узбекистон пайваст мешавад.

Ҳамакнӯн тартиби содаи дарёфти тобеъият фақат барои ҳамватаноне, ки шаҳрванди як кишвари хориҷӣ ё афроди бидуни тобеъият ҳастанд, дар сӯрате, ки агар онҳо ҳаддиақал як хешованди наздик доранду муқими қаламрави Узбекистону шаҳрванди ин кишвар бошанд ва ҳамчунин даромади зиндагӣ доранд ва мутаъаҳҳид ба риояти қонӯни асосии кишвару тасаллут ба забони давлатӣ дар ҳадде, ки барои барқарории иртибот лозим аст, бошанд, иҷроӣ мешавад.

Интизор меравад, тасвиби ин мутаммимот ҷаззобияти сармоягузории кишвар, теъдоди сармоягузорони хориҷиро афзоишу таваҷҷуҳи маҳофили тиҷории байналмилалиро ба фазои сармоягузории Узбекистон, ҷалбу эътибори ин кишвар дар арсаи байналмилалиро афзоиш диҳад.