Таъкиди мақомоти Узбакистон ва Алҷазоир бар рушд ва тақвияти ройзаниҳои сиёсӣ
(last modified Mon, 14 Nov 2022 13:48:54 GMT )
Ноябр 14, 2022 18:48 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Узбакистон ва Алҷазоир бар рушд ва тақвияти ройзаниҳои сиёсӣ
    Таъкиди мақомоти Узбакистон ва Алҷазоир бар рушд ва тақвияти ройзаниҳои сиёсӣ

Вазири умури хориҷаи Узбакистон бо сафири ҷадиди Алҷазоир дидор ва пешниҳодотеро мабни бар тақвияти равобити сиёсӣ аз тариқи созмондиҳии сафарҳои мутақобил барраси кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Владимер Норов, вазири умури хориҷаи Узбакистон ва Бумдиён Гонодо, сафири нави Алҷазоир дар ин кишвар дар шаҳри Тошканд дидор ва пешниҳодотеро мабни бар ташдиди гуфтугуҳои сиёсӣ аз тариқи созмондиҳии сафарҳои мутақобил, анҷоми ройзаниҳо, рушди равобити байни парлумонӣ, ҳамоҳангии ҳамкориҳои мутақобил дар чорчуби ниҳодҳои байналмиллалӣ барраси карданд.

Сафири нави Алҷазоир дар ин дидор устуворномаи худро тақдими вазири умури хориҷаи Узбакистон кард.

Гонодо бар пойбандии тарафи алҷазоирӣ барои рушди ҳамаҷонибаи равобит бо Узбакистони ҷадид дар ҳамаи абъод таъкид кард.

Вай ҳамчунин рушди мадерни Узбакистон ва пешрафтҳои ҳосилшуда дар анҷоми таҳавулоти системаи иҷтимоъӣ-сиёсӣ ва иҷтимоъӣ-иқтисодиро бисёр арзишманд хонд.

Тарафайн дар мавриди анҷоми иқдомоти муштарак ҷиҳати истифода аз зарфиятҳои мавҷуди ҳамкори дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ба тавофуқ расиданд.

Ҳамчунин дар мавриди мушорикати ширкатҳои алҷазоирӣ дар иҷрои тарҳҳои сармоягузори дар Узбакистон дар заминаҳои саноати мошинсозӣ ва нефту газ, фановариҳои иттилоърасони ва мухобирот, бофандагӣ, кишоварзӣ ва дигар табодули назар шуд.

Алҷазоир истиқлолияти Узбакистонро дар 26 декабри соли 1991 ба расмият нишохт.