Декабр 10, 2016 11:22 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон ба ҳеҷ як блоки низомӣ намепайвандад

Вазири умури хориҷии Узбакистон гуфт, Тошканд ҳамчунон ба сиёсати худ дар напайвастан ба созмону блокҳои низомӣ идома хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Абдулазиз Комилов рӯзи ҷумъа дар нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Ҳамбурги Олмон бо баёни ин ки Узбакистон ба ҳеҷ созмону эътилофи сиёсӣ ва низомӣ нахоҳад пайваст, афзуд, Тошканд ҳамчунин иҷозаи таъсиси пойгоҳи низомии хориҷӣ дар хоки Узбакистонро нахоҳад дод ва аз эъзоми нерӯи низомӣ ба кишварҳои хориҷӣ низ худдорӣ хоҳад кард.

Суханони ин мақоми олирутбаи Узбакистон дар ҳолест, ки ин кишвар то соли 2002 яке аз аъзои Созмони Паймони Амният Дастҷамъӣ буд.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар соли 1992 бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуд ва ин кишварҳо дар соли 2002 тасмим гирифтанд, созмони мазкурро ба як эътилофи низомӣ табдил диҳанд. Вале баъдан Гурҷистону Озарбойҷон ва Узбакистон аз ин созмон ҷудо шуданд.

Пас аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбакистон коршиносони рус ибрози умедворӣ карданд, ки ин кишвар вориди Иттиҳоди иқтисоди Авруосиё ворид мешавад. Ба назар мерасад, ки пас аз интихоботи риёсатҷумҳурӣ дар Узбакистон ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар бахше аз сиёсатҳои хориҷии ин кишвар дар робита ба кишварҳои минтақа тағйироте ба вуҷуд меояд.