Вокуниши мақомоти Толибон ба бадрафтории полиси Покистон бо муҳоҷирони афғонистонӣ
Ноябр 16, 2022 11:12 Asia/Dushanbe
Сарпарасти вазорати умури муҳоҷирини Толибон дар дидор бо кордори сафорати Покистон дар Афғонистон ба бадрафтории полиси Исломобод бо муҳоҷироти афғон эътироз кард.
Ба гузориши Садои Хуросон, Халил Ал-Раҳмон Ҳақонӣ дар ин дидор гуфт: Бояд аз бадрафтории полиси Покистон бо муҳоҷирони афғон дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар ҷилавгири шавад.
Вай афзӯд: Идомаи ин вазъият равобити дукишварро бо мушкил мувоҷеҳ мекунад.
Халил Ал-Раҳмон Ҳақонӣ гуфт : Мақомоти Исломобод бояд барои ҳали мушкилоти муҳоҷирони афғон талоши бештар кунанд.
Ҳудуди 1300 муғҷири афғон дар Покистон зиндонӣ ҳастанд.
Бештар бихонед:
Барчасп