Ноябр 16, 2022 11:31 Asia/Dushanbe
  • Хотирнишон шуд, ки тағироти иқлими яке аз ҷиддитарин таҳдидоти асри мост
    Хотирнишон шуд, ки тағироти иқлими яке аз ҷиддитарин таҳдидоти асри мост

Ба ибтикори Солзмони Миллал, ҳамоише дар Ишқобод бо ҳузӯри намояндагони Вазоратхона ва идороти калидии Туркманистон бо мавзӯъи тағири обу ҳаво, хатарот, арзёбӣ, барномарезӣ, баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ин рӯйдод ба ибтикори Созмони Миллали Муттаҳид дар чорчӯби пружаи тавсиаи раванди барномарезии созгори миллӣ дар Туркманистон бо ҳимояти молии Сандуқи иқлими сабз ва бо ҳамкории Вазорати кишоварзӣ ва ҳифозат аз муҳити зисти Туркманистон баргузор шуд.

Ширкат кунандагон дар семинар дар мавриди хотироти прчидаи тағироти иқлимии Туркманистон ва бахшҳои аслии иқтисодӣ он баҳс карданд, ҳамчунин арзёбии хатарот ҳангоми барномарезии сиёсатҳо, стратежиҳо ва барномаҳое дар кутоҳ муддат, миён муддат ва баланд муддат ошно шуданд.

Дар ин семинар мушкили муҳоҷирати ноши аз тағироти обу ҳавоӣ низ мавриди таваҷӯҳ қарор гирифт ва ишора шуд, ки занони манотиқи рустоӣ аз осебтарин гурӯҳҳо ҳастанд. Хотирнишон шуд, ки тағироти иқлими яке аз ҷиддитарин таҳдидоти асри мост, ки метавонад паёмадҳои манфии қобили таваҷӯҳро барои  акосистемҳо ва тавсиаи иҷтимоъӣ-иқтисодӣ ба дунбол доштааст.

Ҳамчунин матраҳ шуд, ки Туркманистон бо иқлим умдатан нима хушки худ дар гурӯҳи осебпазири кишварҳо қарор дорад. Монанди соири кишварҳо бо обу ҳавои мушобеҳ, бахшҳои об ва кишоварзӣ мумкин аст осебпазиртарин бахшҳо дар баробари обу ҳавои гармтар ва хушктар бошанд.

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп