Тафсир- Кобул номзади пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2024
Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ дар дидор бо вазири умури хориҷаи давлати муваққати Толибон, аз пайгирии раванди интихоби Кобул ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2024 хабар дод.
Ториқ Бахит, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Юсуф бин Муҳаммад Ал Забиъӣ, муовини сиёсии ин созмон дар сафар ба Кобул бо Амирхон Муттақӣ, вазири умӯри хориҷаи давлати Толибон дидору гуфтугӯ карданд.
Вазорати хориҷаи давлати Толибон дар баёнияе эълом кард, бозгушои расмии дафтари Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Кобул, таъсиси Донишгоҳи байналмилалии исломӣ дар Афғонистон ва ҳамчунин пайгирии раванди интихоби Кобул ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом барои 2024 аз меҳварҳои ин дидор буд.
Ториқ Бахит дар дидор бо Амирхон Муттақӣ гуфт, бо ҳадафи иҷрои тасмимҳои нишасти фавқулодаи вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ ба кобул сафар кардааст.
Номзадии Кобул барои пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2024 дар ҳоле аст, ки нигарониҳои зиёде дар бораи ин тасмими муҳими фарҳангӣ вуҷӯд дорад.
Агарчӣ шаҳри таърихии Ғазнии Афғонистон дар соли 2013 ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом таъйин шуда буд, аммо таҳаввулоти ин кишвар дар августи 2021 ба баъд комилан бо солҳои пеш аз он тафовут кардааст ва ба ҳамин иллат номзадии Кобул барои пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2024 бо пурсишҳо ва тардидҳои бисёре аз сӯи фаъолони ҳавзаи фарҳанг дар Афғонистон мувоҷеҳ шудааст.
Аз замони ба қудрат расидани муҷаддади Толибон дар соли гузашта, тағйироти бунёдине дар сиёсатҳои фарҳангии Афғонистон ба вуҷӯд омадааст, ки аз он ба унвони маҳдӯдиятҳо ва рӯйкардҳои ғайри фарҳангӣ ба ҳавзаи фарҳанг таъбир шудааст.
Давлати Толибон бо эъмоли сиёсатҳои ҷадид дар арсаҳои мутанаввиъи фарҳангӣ дар Афғонистон таҳти унвони Аморати исломӣ, амалан фазоеро ба вуҷӯд овардааст, ки бо мафоҳими фарҳангӣ, ки дар омӯзаҳои таъолибахши дини Ислом омадааст, созгорӣ надорад.
Дар ҳоле, ки давлати Толибон худро ҳокимияте исломӣ дар Афғонистон муаррифӣ кардааст, интизор ин аст, ки сиёсатҳои фарҳангии ин гуруҳ мутаассир аз омӯзаҳои дини Ислом мубтанӣ бар муҳтарам шумурдани ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоӣ барои занону мардон ва посухгуӣ ба ниёзҳои ақшори мухталифи мардуми ин кишвар дар бахши фарҳанг бошад.
Дар беш аз яксоли гузашта, бархе тасмимоти давлати Толибон, аз ҷумла мамнӯъияти сафари занон бидуни маҳорими онҳо, мамнуияти таҳсилу иштиғоли занон, маҳдӯдиятҳои густарда барои расонаҳо ва адами таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи ақвому ақаллиятҳо дар Афғонистон, мӯҷиб шуда то фаъолони ҳавзаи фарҳанг дар ин кишвар онҳоро тасмимотии ғайри фарҳангӣ ва дар тазод бо мафоҳими таъолибахши дини Ислом, ки барои ба камол расондани ҷомеъа аст, арзёбӣ кардаанд.
Дар чунин шароите, ки давлати Толибон бар хилофи омӯзаҳои дини ислом, ки мунодии раҳмат ва каромати ҷомеъа аст, усӯли фарҳангии ҷомеъаи исломии Афғонистон тағйир ва онро ба таърифе ғайри воқеӣ кашондааст, ин нигаронӣ вуҷӯд дорад, ки интихоби Кобул ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом натавонад паёми расони муносибӣ барои омӯзҳои ноби фарҳангии ислом ва талош барои ҷазби фурсатҳои мутолиотии андешаварзони ҳавзаи фарҳангии соири адён барои ошноии бештар бо ин мафоҳим ва нашри онҳо бошад.
Бинобар ин дар ҳоли ҳозир шароит барои Афғонистону шаҳри Кобул ҷиҳати табдил шудан ба пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом барои интиқоли паёми фарҳанги маваддат, дӯстӣ ва ҳамзистии мусолиматомез ба намояндагӣ аз кишварҳои исломӣ бо соири кишварҳо ва адёни дигар чандон фароҳам нест ва бояд давлати Толибон дар сиёсатҳои фарҳангии худ тағйироти бунёдин эҷод кунад.