Ноябр 17, 2022 14:20 Asia/Dushanbe
  • Дидори Бердимуҳаммадов бо муовини нахуствазири Русия

Раисиҷумҳури Туркманистон бо муовини нахуствазири Русия дидору гуфтугӯ кард.

Сардор Бердимуҳаммадов бо Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия, раиси муштараки Комиссиюни байни давлатии Туркманистону Русия дидор карданд.

Дар ин дидор дар заминаи ҳамкории иқтисодӣ, иртиқои пружаҳо ва барномаҳои муштарак, тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла дар сатҳи байнипорлумонӣ, мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.

Дар ин гуфтугу нақши Комиссиюни муштараки байни давлатӣ дар танаввуъбахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Туркманистону Русия мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди ҳамкориҳо дар заминаҳои башардӯстона, аз ҷумла дар заминаҳои фарҳангӣ, омӯзишӣ ва илмӣ ва ҳавзаи беҳдошту дармон гуфтугу карданд.

 

Барчасп