Ноябр 24, 2022 12:26 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Қазоқистону Узбекистон барои имзои тавофуқномаи марзӣ

Намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Қазоқистон аз омода будани ин кишвар ва Узбекистон барои имзои тавофуқномаи марзӣ хабар дод.

Ойбек Исмоилов, дар нишасти матбуотӣ дар мавриди омода шудани ин кишвару Узбекистон барои имзои тавофуқномаи марзбандӣ, хабар дод.

Бинобар суханони вай, 14 то 19 ноябр , ба мизбонии Тошканд 100-умини нишасти Комиссиюни муштараки Қазоқистону Узбекистон дар заминаи марзбандӣ баргузор шуд.

Ду тараф дар ин иҷлос пешнависи тавофуқнома дар заминаи марзбандӣ ва пешнависи асноди ниҳоӣ дар мавриди таъйини марзро, ки мукаммили ин тавофуқнома маҳсӯб мешаванд, омода карданд.

Исмоилов дар идома афзуд, ду тараф ҳамчунин протоколи ниҳоии кори Комиссиюни муштараки марзбандии Қазоқистону Узбекистонро имзо карданд.

Намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Қазоқистон дар бахши дигаре тасреҳ кард, ки музокироти дуҷониба дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом шуд.

Тули хати мушаххас шудаи марзи давлатӣ байни Қазоқистону Узбекистон 2356 километр аст, ки токунӯн 1301 аломати марзӣ насб шудааст.

 

Барчасп