Ноябр 26, 2022 12:56 Asia/Dushanbe
  •  Ҳайфу майли миллиардҳо доллар дар ҳукӯмати пешини Афғонистон

Як ниҳоди амрикоӣ ба ҳайфу майли миллиардҳо доллар аз кумакҳои башардӯстона тавассути ҳукӯмати собиқи Афғонистон иқрор кард .

Иқрори ниҳоди амрикоӣ дар бора ҳайфу майли амволи Афғонистон дар давлати Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯри барканоршуда дар ҳоле аст, ки баъд аз қудрат гирифтани дубораи Толибон дар ин кишвар ҳам Амрико ба баҳонаҳои беасос ҳудуди 10 миллиард доллар аз амволи Афғонистонро блока кардааст . Иқдоме ки таъсири номатлуб ба иқтисоди ин кишвар гузошта ва миллионҳо шаҳрвандро бо фақр, бекорӣ ва гуруснагӣ рӯбарӯ кардааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои афғон, Идораи бозрасии Амрико дар умӯри бозсозии Афғонистон  дар тветте навишт : Қабл аз фурӯпошии низоми пешин ба раёсати Ашрафғанӣ ин ниҳод ҳудуди 19 миллиард доллар фасод, тақаллуб ва суиистифодаро дар гузоришҳои мунташиршуда ва таҳқиқот шиносоӣ карда буд .
Ин ниҳоди амрикоӣ дар гузориши худ бидуни ишора ба ҳимоят аз ҳукӯмати собиқ ва нақшофаринӣ дар ҳайфу майли амволи мардуми Афғонистон афзуд : Зоҳиран миллионҳо доллар аз буҷети раёсати идораи амнияти миллии Афғонистон бо фурӯпошии давлат ба ғорат рафтааст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп