Ноябр 27, 2022 09:45 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Ғарб болотарин сатҳи хушунат бо занонро дорад
    Толибон: Ғарб болотарин сатҳи хушунат бо занонро дорад

Сухангуи Вазорати хориҷаи давлати Толибон эълом кард: Бештарин хушунат ва таҷовуз ба занон дар кишварҳои муддаи демократи сабт шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулқаҳор Балхи сухангуи Вазорати хориҷаи Толибон дар паёми эълом кард: Аз ҳар се зан дар Амрико як нафар таҷовуз ва хушунатро таҷруба кард ва ин масъала дар мавриди дигар давлатҳои муддаи демократи дар ғарб низ содиқ аст.

Вай таъкид кард: Ҳукуматҳои исломӣ вазифадоранд тадобиреро барои муҳофизат аз занон вазъ кунанд.

Сухангуи Вазорати хориҷаи давлати Толибон ҳамчунин изҳороти дафтари муъовинати Созмони Милал дар Афғонистонро, ки гуфта аст ин кишвар яке аз болотарин сатҳи хушунат зидди занон дар ҷаҳонро дорад нодуруст хонд ва онро рад кард.