Декабр 10, 2016 21:27 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисҷумҳури Узбакистон бар иртиботи мақомоти давлатӣ бо мардум

Раисҷумҳури мунтахаби Узбакистон бо интиқод аз набуди иртибот байни мақомоти давлатӣ бо мардум, шаҳрдорон, додситонҳо ва мақомоти интизомиро аз соли 2017 муваззаф ба ироаи гузориши фаъолият ва амалкарди худ ба мардум кард .

Шавкат Мирзоев дар маросими расмии таҷлил аз бисту чаҳорумин Солгарди Қонуни асосии ин кишвар зимни таъкид бар зарурати ҳамкории созмонҳои давлатӣ ба барқарории иртибот миёни мардум ва низ посухгуии масъулони узбак, ҳадафи аслии Қонуни асосии ин кишварро ҳифзи ҳамаҷониба ва ҷомеи манофеи мардум унвон кард .

Мирзоев ҳамчунин дар табйини стратегияи ҳукуматӣ ва кишвардории худ бар ҳимоят ва ҳифозат аз манофеи мардум, гуфтугӯ бо мардум ва огоҳӣ ёфтан аз дағдағаҳо ва нигарониҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва ҳатто идеалҳо ва ормонҳо ва масоили зистӣ, маишатии мардум таъкид кард .

Дар воқеъ маросими бузургдошти бисту чаҳорумин Солгарди Қонуни асосии Узбакистон фурсате буд, то ҷомеаи узбак бо барномаҳои раисҷумҳури ҷадиди ин кишвар дар умури ҷомеа ошно шавад ва дар айни ҳол қироате ҷадид аз ойини ҳукуматдорӣ ва шеваи ҳукумат карданро бишунавад.

Агарчи Мирзоев фаъолиятҳои интихоботии худро бистари ошноии мустақим бо мардум ва мушкилоти онон унвон кард, аммо вай дар ҳамаи даврони пас аз истиқлоли Узбакистон, тасаддии умури иҷроии мухталифи кишварро бар уҳда дошта ва изҳороти ахири вай бо сукути маънидораш дар тамоми даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов чандон созгор нест .

Аз ин рӯ бархе маҳофили сиёсӣ муътақиданд, амалкарди Мирзоевро бояд дар ду барҳа аз торихи таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии Узбакистон мавриди баррасӣ қарор дод .

Мақтае, ки ба давраи ҳукуматдорӣ ва кишвардории Ислом Каримов боз мегардад, ки аз вай чеҳрае мутеъ ва фармонбардори сиёсатҳои шахси Каримов ба даст медиҳад ва дигаре даврае, ки худ зимомдори сиёсат ва ҳукумат дар Узбакистон шудааст .

Аз ин рӯ корномаи иҷроии вай дар даврони гузашта ба тамом таҳти шуои амалкарди шахси Каримов ва манавиёти вай қарор дорад. Дар даврони ҷадид ва бавижа аз замоне, ки Мирзоев дар фардои даргузашти Каримов зимоми умури ҷомеаи Узбакистонро ба даст гирифт низ на фақат чандон тӯлонӣ нест, балки таҳаввулоти шигирфе дар арсаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсати хориҷии ин кишвар рӯй надода, ки битавон дастовардҳои онро ба қазоват нишаст .

Лизо ҳамаи арзёбӣ аз амалкарди Мирзоев дар ин давраи кӯтоҳ ба ибтикори амали мақтаии вай дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва албатта ваъдаҳои интихоботӣ ва акнун таъкид бар посухгуии масъулон ба мардум боз мегардад.

Шояд таҳти таъсири ҳамаи рафтор ва амалкарди ниҳодҳои давлатӣ дар даврони пас аз истиқлоли Узбакистон токунун, ҷомеаи ин кишвар бо тардид шунавои изҳороти Мирзоев бошад. Зеро ҷомеаи Узбакистон ҳамчунон дар барзахи даврони пас аз Каримов ба сар мебарад ва дар арзёбии шахсияти раисҷумҳури ҷадид наметавонад изҳорот ва рӯйкарди Мирзоевро доварӣ кунад .

Бавижа, ки мардуми узбак дар дугонаи амалкарди раисҷумҳури ҷадид дар арсаи сиёсат ва ҳукумат дар тардид аст, ки оё воқеан изҳороти Мирзоев бо ҳадафи ироаи таърифи ҷадид аз ҳукуматдорӣ ва тақвияти низоми сиёсӣ ва ҳукуматии Узбакистон дар ду арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ матраҳ шуда ё инки сирфан бо ҳадафи ҷалби афкори умумӣ барои таҳким ва тақвияти пояҳои ҳукумати шахси худ баён шудааст.