Мануъияти истифода аз мубойли ҳушманд барои нерӯҳои Толибон
Устондори Қандаҳор дар ғарби Афғонистон аз мамнуъияти истифодаи гушиҳои ҳушманд аз сӯи нерӯи Толибон хабар дод.
Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳоҷи Юсуфи Вафо устондори Ҳирот рӯзи сешанбе, гуфт: Пас аз баргузории нишасти амниятӣ дар Қандаҳор муқарар шуд барои таъмини амнияти бештари шаҳрвандон, истифодаи мубойлҳои ҳушманд барои нерӯҳои амниятии устон мамнуъ шавад.
Ҳоҷи зайд сухангӯи устондори Қанадаҳор ҳам дар ин хусус, гуфт: Ин тасмимот барои таъмини бештари амнияти шаҳри ва соири манотиқи устон гирифта шуда то нерӯҳои амнияти, ки дар ҳоли анҷом вазифа ҳастанд, бештар мутаваҷеҳи вазифаи худ шаванд.
Ҳоҷи Зайд Афзӯд: Барои масъулини Толибон, ғафлат дар вазифа ба ҳеҷ унвон қобили қабул нест ва дар хусуси мавзуъи таъмини амният бояд ҳар нерӯи амниятӣ талош дошта бошад то ба беҳтарин шакли мумкин амнияти мардумро таъмин кунад.
Бештар бихонед: