Ноябр 30, 2022 19:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории вилояти Қашқадарёи Узбакистон бо Тоҷикистон
    Ҳамкории вилояти Қашқадарёи Узбакистон бо Тоҷикистон

Чашмандози равобити тиҷории дуҷониба байни Тоҷикистон ва вилояти Қашқадарёи Узбакистон баррасӣ шуд.

Вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобити дуҷониба байни Тоҷикистону вилояти Қашқадарёи Узбакистон дар дидори ҳайати тиҷории ин минтақа ба сарпарастии Уткирҷон Қодиров ва муовини раиси вилоят ва Ҳайдар Раҷабов, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Намояндагони 6 корхонаи миёна ва бузурги саноатӣ, шомили тавлиди чарму кафш, дару панҷара, мебел ва лавозими хонагӣ низ ба манзури ёфтани шарикони ҳамкорӣ аз вилояти Қашқадарё дар ин мулоқот ширкат доштанд.

Ҳамзамон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 намояндаи бахши хусусӣ, ки дар заминаҳои мазкур фаъолият мекунанд, ширкат карданд.

Ҳайдар Раҷабов дар ин дидор дар хусуси вазъияти иқтисодии кишвар, фазои мусоиди сармоягузорӣ,бунёди корхонаҳои муштарак, барпоии намоишгоҳҳои тахассусиву ҷаҳонӣ ва ироаи маҳсулоти дохилӣ дар вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Узбакистон иттилооте ироа кард.

Ин дидор дар фазое дӯстона ва бо сатҳи болои равобити дуҷониба баргузор шуд ва тарафайн алоқаи вижае ба тақвияту густариши бештари ҳамкориҳо байни Тоҷикистону вилояти Қашқадарёи Узбакистон дар чорчӯби тиҷориву иқтисодӣ нишон доданд.